Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the ninja-forms domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/p/papani8h/avia.si/public_html/wp-includes/functions.php on line 6114 Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the ninja-forms domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/p/papani8h/avia.si/public_html/wp-includes/functions.php on line 6114 {:si}Storitve poslovnega letalstva v Sloveniji{:}{:ru}Деловая авиация в Словении{:}{:uz}Словенияда ишбилармонлик авиациясининг хизматлари{:}{:ar}خدمات الطيران التجاري في سلوفينيا{:}{:ua}Послуги ділової авіації в Словенії{:}{:tj}Хизматрасониҳои авиатсияи хусусӣ дар Словения{:}{:kg}Словениядагы иштик авиациянын кызмат көрсөтүүлөрү{:}{:kz}Словениядағы іскери авиация қызметтері{:}{:ge}საქმიანიავიაციისმომსახურებასლოვენიაში{:}{:pl}Usługi lotnictwa biznesowego w Słowenii{:}{:fr}Services de l’aviation d’affaires en Slovénie{:}{:it}Servizi di aviazione d'affari in Slovenia{:}{:by}Паслугі дзелавой авіяцыі ў Славеніі{:}{:am}Բիզնեսի ավիացիայի ծառայությունները Սլովենիայում{:}

Агар Шумо майли хоҳиши фармоиши ҷет дар Словения дошта бошед, метавонед ба воситаи брокери ширкати пешсафи аврупоии ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) анҷом диҳед. Ҳавопаймои хусусӣ – ин усули муфиди сайёҳат дар тамоми дунё, ӯ дорои маҷмӯи афзалиятҳо нисбат ба хатсайрҳои муқаррарӣ аст.

  1. Шумо бо ҳама хатсайрҳои зарурӣ бе бурофуро парвоз мекунед.
  2. Шумо метавонед хатсайрро брон кунед, ки дигар ягон ширкати ҳавоӣ анҷом намедиҳад.
  3. Ба Шумо имконияти расидан ба мавзеҳои дастнорас пайдо мешавад, агар Шумо чархболро ба иҷора гирифта бошед,шумо метавонед ба яхтаи дар баҳр буда расида бошед.
  4. Шумо дар фурудгоҳ як чанд соат барои бақайдгирӣ ва назорат сарф намекунед – ин ҳамагӣ на зиёда аз панҷ дақиқаро дарбар мегирад.
  5. Шумо дар канори ҳавопаймо дар иҳотаи дустон, ҳамкасбон ё оила, бе мусофирони бегона сафар мекунед.
  6. Шумо вақтро дар парвоз чи тавре, ки хоҳед мегузаронед: истироҳат мекунед, дар интернет кор мекунед, оббозӣ мекунед, мулоқотҳои кории хусусӣ мегузаронед ва ғайра.
  7. Шумо метавонед ба канори ҳавопаймо хӯроки нисфирӯзӣ аз тарабхонаи беҳтарин, филми дӯстдошта, гулдаста ва чизи дилхоҳро, фармоиш диҳед.
  8. Шумо ба фурудгоҳ бо неруи наву тоза ташриф меоред ва Шуморо дар он ҷо автомобили ҳаловатбахш интизор аст.

Ин фақат якчанд афзалиятҳое, ки авиатсияи хусусӣ ба Шумо тақдим мекунад, дар асл афзалиятҳо бештар буда, шахсоне, ки ҳавопаймоҳои хусусиро ба иҷора мегиранд, ба хубӣ медонанд, ки сайёҳат ҳиссиёти нотакрори озодӣ ва мустақилиятро мебахшад. Ҳавопаймои хусусиро мустақим-онлайн фармоиш диҳед Парвози хусусиро метавонед бевосита дар сайти ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиш диҳед. Ба Шумо ба дафтари корӣ рафтан, ҳатто аз ҷой хестан ҳам зарурат надорад. Брони хатсайр давоми якчанд дақиқа, ба тариқи фосилавӣ бастани шартнома ва пардохти он ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Шакли дархостро дар портали мо ҷойгир намуда, ҷавобро интизор шавед. Менеҷер дархости шуморо дида баромада, барои мувофиқа кардани хусусиятҳои он бо Шумо дар тамос мешавад. Дар соати таъиншуда ҳавопаймои маъмурии мисли барфи сафед Шуморо дар фурудгоҳ интизор мешавад.   Барои чӣ маҳз мо Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL)

    • соҳиби таҷрибаи қариб даҳсолаи фаъолият дар тамоми дунё,

AVIAV TM (Cofrance SARL)

  • аъзогӣ дар бизнес-ассотсиатсияҳои бонуфузи авиатсияи хусусӣ: EBAA (European Business Aviation Association),NBAA (National Business Aviation Association) ва шабакаи чартерии Avinode,
  • соҳиби дафтарҳои корӣ дар тамоми дунё,
  • соҳиби ҳайати башардӯстона (кормандони мо бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо забони русӣ муошират мекунанд),
  • кӯмак дар ҳалли ҳамаи масъалаҳо вобаста ба авиатсияи хусусӣ,
  • пайдо кардани эътимоди мизоҷон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон,
  • ҳамкорӣ бо соҳибони ҳавопаймоҳо ва ширкатҳои ҳавоии тамоми ҷаҳон,
  • омода аст барои мизоҷон шарту шароити муфиди иҷораро пешниҳод кунад,
  • дар ихтиёри худ садҳо тамсилаҳои гуногуни киштиҳои ҳавоӣ дорад,
  • пешсафи интиқолҳои хусусӣ, тиббӣ ва боркаш дар Аврупо мебошад,
  • соҳиби эътимоди комил,
  • ба мизоҷон сатҳи аълосифати бехатарӣ ва махфияти сад дар садро кафолат медиҳад,
  • ба фармоишгар дар бобати сайёҳати ҳавоӣ маҷмӯи хизматрасониҳои иловагиро пешкаш мекунад.

Авиатсияи хусусӣ дар Словения дар навбати аввал байни ташкилотҳои бузург ва соҳибкорон, ки барои онҳо парвоз ба дигар кишварҳои аврупоӣ, Россия, Осиё ё Амрикои Шимолӣ зарур аст, маъруфият пайдо кардааст. Шумо метавонед кормандони худро ба сафари корӣ фиристед ё барои худатон ҳавопайморо ба иҷора гиред, – мо ҳатто хатсайри инфиродӣ, ки ягон ширкати ҳавоӣ пешниҳод карда наметавонад, ташкил менамоем. AVIAV TM (Cofrance SARL) ёвари ивазнопазири Шумо дар соҳаи авиатсияи хусусӣ. Бо мо Шумо ба ҳамаи ҳадафҳои худ мерасед ва қуллаҳои навро фатҳ мекунед!