Тасаввури ҳаёти муосир бе авиатсияи боркаш ғайриимкон аст. Хизматрасониҳои мазкур хусусан дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба масофаҳои дароз интиқол додани, масалан, хӯрокворӣ ё дигар маводи тезвайроншаванда заруранд. Ҳолатҳое мешавад, ки таъҷилан ҳуҷҷатҳо, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ё дигар намуди техника, доруворӣ ё кӯмаки башардӯстона бояд расонида шавад. Аз ӯҳдаи чунин ҳадафҳо танҳо ҳавопаймоҳо мебароянд ва дар мавзеҳои дастнорас чархболҳо ба кӯмак омода ҳастанд.
Албатта, Словения аз истисно берун нест ва интиқоли ҳавоии борҳо дар ин ҷо мунтазам зарур ҳастанд. Кишвари саноатӣ бо рушди босуръати иқтисодиёт наметавонад дар канор монад: барои соҳибкорон ва арбобони барҷастаи ҷамъиятӣ ҳавопаймоҳои боркаш барои фаъолияти бомуваффақият ва рушди тиҷорат зарур маҳсуб меёбад.
Хизматрасониҳои авиатсияи боркаш
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) бо мамнуният хизматрасониҳоро дар ин самт пешкаш менамояд. Дар ихтиёри мо миқдори зиёди ҳавопаймоҳои тамсилаи мухталиф мавҷуд ҳастанд, ки омодаи интиқоли ҳавоии борҳо, ба истиснои борҳое, ки содироти онҳо аз кишвар манъ аст (масалан, яроқу аслиҳа ё чизҳои арзишманди таърихӣ), мебошанд. Мо тамоми ҷараёнро аз оғоз то интиҳо ташкил менамоем:
- тамсилаи муфиди ҳавопайморо пешкаш менамоем,
- дар канори кишти ё қисми бағоҷи он барои интиқоли борҳо шароити фароҳам муҳаё менамоем,
- борҳоро банду баст менамоем,
- ба фурудгоҳ интиқол медиҳем,
- ҳуҷҷатҳои замимашавандаро барасмият медарорем,
- дар макони фуруд истиқбол мегирем,
- то қабулкунанда интиқол ва дастрас менамоем,
- дар ҳолати зарурӣ анбор барои нигаҳдорӣ манзур менамоем.
Барои ба имзо расонидани шартнома бо AVIAV TM (Cofrance SARL), ба ягон ҷой рафтан зарур нест. Мо омода ҳастем шартномаи, ҳам якмаротиба, ҳам дарозмӯҳлатро ба тариқи суроғаи электронӣ, баста бошем. Албатта, бо хоҳиши Шумо, мо омода ҳастем ҳуҷҷатҳоро ба Шумо тариқи мактуб аз Нисса, ки дафтари кории асосӣ ҷойгир шудааст, ирсол намоем. Аммо бо сабаби он, ки ҳавопаймоҳои мо дар тамоми ҷаҳон парвоз мекунанд, мо одат кардаем, ки бо мизоҷон танҳо ғоибона шинос шавем
Ҳавопаймоҳои боркаш: бехатар ва боэътимод
Ҳавопаймо воситаи на танҳо аз ҳама босуръат, балки аз ҳама боэътимоди таҳвил маҳсуб меёбад. Ҳамаи фурудгоҳҳо бо системаҳои бехатарӣ таҷҳизонида шуда, хадамотҳои мухталиф тамоми ҷараёни таҳвил аз оғоз то интиҳо назорат мекунад, бино ба ин, Шумо дилпур бошед, ки борҳои Шумо бе норасогӣ интиқол меёбанд. Аммо агар хоҳиш дошта бошед, мо омода ҳастем, ширкати боэътимодро барои суғуртаи борҳо тавсия диҳем, ки бо назардошти рӯпӯши ҳамаи хавфҳои мавҷуда, шартномаи барои Шумо судманд, баста бошад.
Авиатсияи боркаш дар Словения барои ҳалли масъалаҳои соҳибкории калону хурд кӯмак мерасонад, дар баробари он, барои шахсони воқеӣ ҳам ивазнопазир аст. Масалан, агар Шумо иқомати доимӣ ба кишвари дигарро ба нақша гирифта бошед ё тасмим гирифтед, ки ба шаҳри дигар кӯч бардоред, барои интиқоли асбобу бисоти Шумо ҳавопаймои боркашро кироя намоед. Ширкатҳои ҳавоии оддӣ ба вазн ва ҳаҷми бағоҷ маҳдудият мегузоранд, бино ба ин, бо хатсайрҳои мунтазам бори бисёрро интиқол додан, ғайриимкон аст. Ба AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед, ва мо барои Шумо ҳавопаймои ҳаҷмаш ба Шумо лозимро пешкаш менамоем, ки дар он бомуваффақият ҳамаи асбобу бисоти хона ва интерер, пианинои модаркалонатон ва мусаввараи қадими рассоми номаълум ҷойгир мешавад.
Бо мо кор кардан қулай: мо бо мизоҷон тариқи интернет муошират менамоем ё тариқи телефон, бино ба ин, Шумо метавонед аз ҳама кунҷу канори ҷаҳон бо мо дар тамос шавед. Азбаски, AVIAV TM (Cofrance SARL) брокери ширкати ҳавоии пешқадами аврупоӣ маҳсуб меёбад, мо ҳамеша омода ҳастем барои мизоҷон аз Словения шарту шароити судманди ҳамкорӣ, пешниҳодҳо ва имтиёзҳои ҷолиб пешкаш намоем.